Рисолаи мухтасар ва муфид дар мавзӯъи муҳим , ки барои ҳар як мусалмон донистанаш зарур аст, Шинохтани Худованд, дини Ислом ва шартҳои Ло Илоҳа илла Аллоҳ, навоқизи Ислом, ва анвоъи тавҳид, ва дигар мавзуъҳои муҳим барои ҳар як мусалмон.
Author: Абдуллоҳ Ал-Қарови
Translators: Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази
Publisher: Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Сеюмин мард, дар ислом баъди Паёмбар -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва чароғе аз чароғҳой роҳи ҳидоят, бо ҳаётарин ва саховатмандтарин шахс, ва чавонмарди бо шараф ҳазрати Усмон -разияллоҳу анҳу-.
Author: Одил ибни Али аш-Шидди - Аҳмад ибни Усмон ал-Мазид
Translators: Мисбоҳиддини Ҳомид
Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Author: Абдушшариф Боқизода
Ин мақола дар бораи ҳаҷ ва умра, фарзҳои он, суннатҳои он, мустаҳабот ва дар бораи чигуна бояд ҳаҷ ва умра кардро баён мекунад.
Translators: Мусъаби Ҳамза
Яктопарасти воқеъи ва ҳақиқи касе аст ки дар ҳама ҳолат таваккал ба худо карда ҳеҷгоҳ ба худованд ширк намеварзад.
Author: Мусъаби Ҳамза